Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хондан

КОРВОНИ ҶОНВАРОН

Корвон омад бе шутур,
Шаҳри мо аз ҷои дур.
Гуфтам: – Амаки сорбон,
Чӣҳо дорад ин корвон?
Гуфто ки: – Бо ҷилмошин
Аз сӯи кишвари Чин,
Овардем бо корвон
Боғи пури ҷонварон.
Хирсу гурги Амрико,
Кенгуруи Африқо,
Ду гавазни шоҳчанбар,
Шаш маймуни бозигар,
Мору тазарви даштӣ,
Филу ғурбаи ваҳшӣ,
Оҳуи бодпо дорем,
Ҳар чӣ хоҳӣ, мо дорем...
Ҳоӣ бачаҳо, шитобед,
Аз тамошо намонед!
Боғи мо боғи сайёр,
ЯК ҷо надорад қарор.
Дар Исфара меҳмонем,
Ин ҷо сӣ рӯз мемонем,
Сонӣ мегардад равон,
Корвон ба сӯи Эрон.
Ҳар кас набинад ин боғ,
Мемонад бо дили доғ.

пешина
аз 80
навбатӣ